ТЕКСТ ПЕСНИ

АЗИЗАМ

Бо ишк,и ту бах,орам, Сабзаи сабзазорам.
Бе ишк,и ту танх,о шудам, Хак,иру нотавон шудам.

Азизам, азизам, ман х,ану»зам дустат дорам,
Исми ту фарёд мезанам.
Азизам, азизам, ман х,ану»зам дустат дорам,
Исми ту фарёд мезанам.

Кай биён дубора хонам,
Дилбаро к,исса бихонам,
Ч,ои хобат намегузорам,
К,алби ман зида бимонад.

Азизам, азизам, ман х,ану»зам дустат дорам,
Исми ту фарёд мезанам.
Азизам, азизам, ман х,ану»зам дустат дорам,
Исми ту фарёд мезанам.


ОФТОБАКИ МАН

Офтобаки ман, шоми мо сахар шуд,
Кафтари сипехр, аз лона бадар шуд.
Бархез бо хам, якчоя бошем,
Ба кафтарон дона бипошем,
Дони савоби худ бикошем.

Афсонае, ки хондам ба болинад,
Барои хоби орому ширинат.
Хакикате буд, аз зиндагони,
Ту хубу бадро ту бидони,
Кадам ба рохи бад намони.

Дар интизорат гулхои гулдонам,
Садои поят, ба руи долонам.
Аз хандахоят равшан шавад дил,
Танхо туи чароги манзил,
Танхо туи дармони ин дил!

Накарот (Припев):
Офтобаки ман, шоми мо сахар шуд,
Кафтари сипехр, аз лона бадар шуд.
Бархез бо хам, якчоя бошем,
Ба кафтарон дона бипошем,
Дони савоби худ бикошем.


Мухаббати ту

Маро мухаббати ту кушт. Манам асири он нигох.
Магу магу сухан дурушт.

Магу ки ошики гуност. Пас аз хазор солахо.
Туро чун дур бикофтам. Чу ишки худ биёфтам,
ба суи ту шитофтам

Зи ёди ёди ёдихо, туро бичустам ман кунун.
Забонам мезанад ба сим,  ба дил гами ту андар он.
Чи созам аз гамат дигар,  нихоли ишк бе самар.
Бимонд то сузахо,
зи ман ту гашта бе хабар.

Вале ту они дигари, ту чони чони дигари.
Манам хазони ишки ту, ту гулфишони дигари.
Кунун ки вой войи ман, магу сухан барои ман.
Зи бори гам бимурдам, Худои ман, Худои ман.


Оташ

Оташе, дар дил аст,
Бе ту по дар гил аст,
Мушкил аст, мушкил аст, мушкил аст!(2х)
Дил туро моил аст.
Аз чи по дар гил аст.
Чои ту дар дил аст, дар дил аст.

Занги ту мебарад, зангхои дилам,
Бе чавобу хамушию войи дилам. (2х)
Бе садои ту, гум гашта ин хотирам,
Дар сукутам шикаст шишахои дилам.(2х)

Оташе, дар дил аст,
Бе ту по дар гил аст,
Мушкил аст, мушкил аст, мушкил аст.
Дил туро моил аст.
Аз чи по дар гил аст.
Чои ту дар дил аст, дар дил аст.

Бахри пайвастаги рохи занг баста аст,
Харфи ногуфтаам охи санг баста аст.(2х)
Хамсадои дилам, интизорам хануз,
Зангхои туро мешуморам хануз. (2х)

Оташе, дар дил аст,
Бе ту по дар гил аст,
Мушкил аст, мушкил аст, мушкил аст.(2х)
Дил туро моил аст.
Аз чи по дар гил аст.
Чои ту дар дил аст, дар дил аст…


Аруси замонави

Ба танам атри шабҳоӣ
Ба сарам хаёли дарё
Ба лабам таронаи гул
Ба дилам навои рӯё

Дар танам пироҳан аз ту
Дар нигоҳ шӯри дунё
Сар ба саҳро даври дунё
ҷустуҷӯят мекунам

Дилам, чу мавҷи дарё,
оҳ, метапад ошиқона
Пар мезанам то авҷи руё
Манам гуларӯси замона![2x]
[2x]

Омадам аз авҷи қисса
то шави ҳамхонаи ман
Огаҳӣ аз ишқу розам
аз дили девонаи ман! [2x]


Бикун бовар

Агар чи хастаи аз шарк Бале, хуршед меояд
Суроги ошиёни ту пур аз умед меояд
Шаби зулмони хам баъд нест
Хазорон ахтаре дорад Сари танхои ту чонам
Барояш хамсаре дорад

Бикун бовар, бикун бовар Ки фардо гам намемонад
Дили гамдидаат фардо Суруди шоди мехонад
Мехонад…………
***
Хавои зиндаги чонам Гахе гарму, гахе сардаст
Рухи оинахам гохе Дучори танаи гардаст,
Хавои зиндаги чонам Гахе гарму, гахе сардаст
Рухи оинахам гохе Дучори танаи гардаст

Факат сар хам накун чонам Ба пеши номуродихо
Бирав то осутони руз Бирав то авчи шодихо

Бикун бовар, бикун бовар Ки фардо гам намемонад
Дили гамдидаат фардо Суруди шоди мехонад

Бикун бовар, бикун бовар Ки фардо гам намемонад
Дили гамдидаат фардо Суруди шоди мехонад
Мехонад….


Падарчон — 2016 

Бароям бехтарин марди ПАДАРЧОН Ба сад мехрам бипарварди падарчон
Маро бо мехнату нони халолат Калон карди, калон карди падарчон.
Маро бо мехнату нони халолат Калон карди, калон карди падарчон
***
Ба дастам хадяйе медоди бо шавк Чу мегуфтам «чи оварди падарчон?»
Бихохам доимо сарсабзии ту Набинад руи ту зарди падарчон
Наку кори ба мардум — ин шиорат Ба халки хеш хам дарди падарчон
З-и бас андар рахи поки худои Аз ин рохад намегарди падарчон
З-и бас андар рахи поки худои Аз ин рохад намегарди падарчон
***
Бароям бехтарин марди ПАДАРЧОН Ба сад мехрам бипарварди падарчон
Маро бо мехнату нони халолат Калон карди, калон карди падарчон
Маро бо мехнату нони халолат
Калон карди, калон карди падарчон


Аз ёдам нарафт

Рафтию умрам шуд сипар, ишқи ту аз ёдам нарафт,
Ёдам накарди ту дигар, ишқи ту аз ёдам нарафт.
Нозу итоби ман бирафт, аз дида хоби ман бирафт,
Омад суроғам чашми тар, ишқи ту аз ёдам нарафт.

Таркам намуди, бевафо бе хайру бе узру дуо,
Ман мондаму чашме ба дар, ишқи ту аз ёдам нарафт.
Ман мондаму чашме ба дар, ишқи ту аз ёдам нарафт,
Ёдам накарди ту дигар, ишқи ту аз ёдам нарафт.

Дар интизорат рузу шаб, ҷонам ба лаб омад ба лаб
Дил хаставу, ҷон хастатар, ишқи ту аз ёдам нарафт
Сад раҳ давидам ноумед, боли ҳумоям нопадид
Мурғи дилам бе болу пар, ишқи ту аз ёдам нарафт.

Ёдам накарди ту дигар, ишқи ту аз ёдам нарафт,
Гуфтам ба дил ёдаш макун, беҳуда фарёдаш макун,
Ў лоиқи ранҷи ту нест, ҳеҷ асту бунёдаш макун.
Ў лоиқи ранҷи ту нест, ҳеҷ асту бунёдаш макун.


Салом азизам!

Дубора сӯи ту боз омадам, салом, азизам,

Дубора замзамасоз омадам, салом, азизам.

Бубахш бемаҳалии ғуруби ғунчаи сурхам,

Ки субҳ, вақти намоз омадам, салом, азизам.

Барои Каъбарави нимараҳ, барои дили ту

Чу армуғони Ҳиҷоз омадам, салом, азизам.

Ман асли мӯъҷиза будам, ки чашми ғайр даромад,

Кунун зи роҳи маҷоз омадам, салом, азизам.

Нигоҳи ман зи нигоҳи касе саломрасон аст,

Ба чашми чашмгудоз омадам, салом, азизам.

Чӣ гуна ноз фурӯшам, ки зери кафши замонам,

Бале, ба мотами ноз омадам, салом, азизам.

Агар, ки пардаи ҷонат ба ларзиш омада бошад,

Чу Зӯҳра парданавоз омадам, салом, азизам.

Бараҳна гаштаму дилро зи сина ҳай кардам,

Ба фош кардани роз омадам, салом, азизам.

Агар ба чашми ту зиштам, ба ҷои ҳусн пазир,

На чун бутони Тироз омадам, салом, азизам.

Ало набудаву норафтаву наомадаи ман,

Салом, сӯи ту боз омадам, салом, азизам.


Бикун бовар

Агарчи хастаи аз шаб, Вале хуршед меояд.
Суроғи ошёни ту Пур аз умед меояд.

Шаби зулмони ҳам бад нест, Ҳазорон ахтаре дорад,
Сари танҳои ту, ҷонам Барояш ҳамсаре дорад.

Бикун бовар, бикун бовар, Ки фардо ғам намемонад.
Дили ғамдидаат фардо Суруди шодӣ мехонад!

Ҳавои зиндагӣ, ҷонам, Гаҳе гарму гаҳе сард аст.
Рухи оина ҳам гоҳе Дучори таънаи гард аст.

Фақат сар хам макун, ҷонам Ба пеши номуродиҳо.
Бирав то ошёни нур, Бирав то авҷи шодиҳо…


Дар оғуши ту мемирам!

Дар оғуше, ки аз гармии ҷонсӯзи танат сӯзам.
Дар оғуше, ки аз лабҳои нармат бодаҳо нӯшам,
Дар оғуши ту мемирам! Дар оғуше, ки бо раҳми
хазонҳо сабзу гулпӯшам! Дар оғуше, ки аз эҳсоси
ларзишҳои рӯёиш мадҳушам!
Дар оғуше, ки бори
зиндагӣ меафтад аз
дӯшам!
Дар оғуше, ки мегардад ҳама дунё фаромӯшам!
Дар оғуше, ки ҷои доду фарёд аст, хомӯшам!
Маро ин ганҷ чи давлат аст, ки бо ту ҳамоғушам!
Дар оғуши ту мемирам! Аз он тарсам, ки дар
Cавдоӣ ишқу ошиқи рӯзе, Маро бигзорию дигар касе
банди ки чун бошад, Ки чашмаш ҳасрати дунёи
дун дорад,
На шӯре дар дилу, на синааш завқи ҷунун дорад.
Ба он гаҳ ин ҳама дунёи ман кӯр аст,
Дигар зистан бароям дар ҷаҳон монандаӣ гӯр аст.
Ту бар қасди замону хасми номардон бо ман бош,
Маро аз чашми бадбинон дар оғушат панаҳ бинмо.
Дар оғуше, ки эҷоз асту эҳсон асту армон аст,
Дилам бар ёди он рӯзу
шабонгоҳ сахт пазмон аст!
Ки Эзид бо ту тақдирам
бипайваст.
Хушо он соат, ки пеш аз марг аз як дарди
ширинест,


Соддадил

Аз ман рамидаиву мани соддадил хануз
Бемехриву чафои ту бовар намекунам.
Дилро чунон ба мехри ту бастам,ки баъд аз ин
Дигар хавои дилбари дигар намекунам.
Рафтиву бо ту рафт маро шодиву умед,
Дигар чи гуна ишки туро орзу кунам?
Дигар чи гуна мастии як бусаи туро
Дар ин сукути талху сиях чустучу кунам.
Ёд ор он зан,он зани девонаро,ки хуфт
Як шаб ба руи синаи ту масти ишку ноз.
Ларзид бар лабони аташкардааш хавас,
Хандид дар нигохи гурезандааш ниёз.
Лабхои ташнааш ба лабат доги буса зад,
Афсонахои шавки туро гуфт нигох.
Печид хамчу шохаи печак ба пайкарат
Он бозувони сухта дар боги зардмох.
Хар киссае зи ишк,ки хонди ба гуши у,
Дар дил супурду хеч зи хотир набурдааст.
Дардо,дигар чи монда аз он шаб,шаби шигифт,
Он шоха хушк гаштаву он бог мурдааст.
Бо он ки рафтаиву маро бурдаи зи ёд
Мехохамат ханузу ба чон дуст дорамат.
Э мард,эй фиреби мучассам, биё,ки боз
Бар синаи пуроташи худ мефишорамат.


Мавриги шасту чор

Шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.
Шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.
Гардам зи ниҳоли қадду бастат, ҷон,
Маро ба қошакот банда кардие.
Шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.
Тақдири мани ғариб ба дастат, ҷон,
Маро ба қошакот банда кардие.
Шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.
Май нӯшидам, аз ту беқарорамо,
Маро ба қошакот банда кардие.
Шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.
Аз наргиси дидагони мастат, ҷон,
Маро ба қошакот банда кардие.
Шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.
Маро ба қошакот,
Банда кардие.
Маро ба рӯякот,
Банда кардие.
Маро ба чашмакот,
Банда кардие.
Маро ба гардакот,
Банда кардие.
Эй, шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.
Шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.
Маҳваши нозукбаданам орзу,
Маҳваши нозукбаданам орзу.
Нозу назар аз маҳи тобон гузашт,
Маҳваши нозукбаданам орзу,
Ақлу хирад аз тану аз ҷон гузашт,
Маҳваши нозукбаданам орзу,
Ёди қадат аз мани ҳайрон гузашт,
Маҳваши нозукбаданам орзу,
Оҳи дили зор зи афғон гузашт,
Маҳваши нозукбаданам орзу,
Кард ба ман моҳ рухи дилфиреб,
Маҳваши нозукбаданам орзу,
Хандаи бисёр ба чандин ҳисеб,
Маҳваши нозукбаданам орзу.
Орзу, орзу,
Ороми ҷон,
Орзу, орзу,
Ғунчадаҳон,
Орзу, орзу,
Офати ҷон,
Орзу, орзу,
Дардаш ба ҷон,
Орзу, орзу,
Ширинзабон,
Орзу, орзу.
Юсуфи ман, Юсуфи мане,
Юсуфи ман, Юсуфи мане,
Гардам зи лабони шаккаринат,
Юсуфи ман, Юсуфи мане,
Аз холи сиёҳи анбаринат,
Юсуфи ман, Юсуфи мане,
Қурбони нигоҳи пур зи нозат,
Юсуфи ман, Юсуфи мане,
Чашмакзаниҳои ахтаринат,
Юсуфи ман, Юсуфи мане,
Э вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Э вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Нигори нозанини аҳли дардаме,
Абрукаш думи море.
Вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Сарамро гар бурӣ, аз ту нагардаме,
Абрукаш думи море.
Вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Сарамро гар бурӣ бо ханҷари тезе,
Абрукаш думи море.
Вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Ба хун ҷавлонзанон гирди ту гардаме,
Абрукаш думи море.
Вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Э вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Э вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.


Мавригӣ

Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Эй, ҷононаи ман, ту меравӣ, ман чӣ кунам, ёре,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Нигоро, ин қадар қаҳру ғазаб чист?
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Дилат ба ман намесӯзад сабаб чизе,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Даме ки сӯхта бошӣ, ман нахандаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме.
Ба куҷо равам зи дардам, чӣ даво кунам, чӣ чора?
Ба куҷо равам зи дардам, чӣ даво кунам, чӣ чора?
Дили ман зи ғусса хун шуд, ҷигарам ҳазор пора,
Дили ман зи ғусса хун шуд, ҷигарам ҳазор пора,
Гули сурхи нозанинам, ту зи ман хабар надорӣ,
Гули сурхи нозанинам, ту зи ман хабар надорӣ,
Шабу рӯз, ман аминам, ту зи ман хабар надорӣ,
Шабу рӯз, ман аминам, ту зи ман хабар надорӣ,
Ба куҷо равам зи дардам, чӣ даво кунам, чӣ чора?
Ба куҷо равам зи дардам, чӣ даво кунам, чӣ чора?
Дили ман зи ғусса хун шуд, ҷигарам ҳазор пора,
Дили ман зи ғусса хун шуд, ҷигарам ҳазор пора,
Ба Худои зулҷалолат, кун аз ин дилам тавалло,
Ба Худои зулҷалолат, кун аз ин дилам тавалло,
Назаре кунад ба ҳолам, ба дилам диҳад тасалло,
Назаре кунад ба ҳолам, ба дилам диҳад тасалло,
Ба куҷо равам зи дардам, чӣ даво кунам, чӣ чора?
Ба куҷо равам зи дардам, чӣ даво кунам, чӣ чора?
Дили ман зи ғусса хун шуд, ҷигарам ҳазор пора,
Дили ман зи ғусса хун шуд, ҷигарам ҳазор пора.
Дар канори гулзор, бо шароби гулнор,
Дар канори гулзор, бо шароби гулнор,
Як-ду ҷомаки май, ҳабиби ман, бӯса аз лаби ёр,
Як-ду ҷомаки май, ҳабиби ман, бӯса аз лаби ёр.
Дар канори гулзор, бо шароби гулнор,
Дар канори гулзор, бо шароби гулнор,
ЯЯк-ду ҷомаки май, ҳабиби ман, бӯса аз лаби ёр,
Як-ду ҷомаки май, ҳабиби ман, бӯса аз лаби ёр.
Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.
Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.
Нигори нозанин ҳастам ғуломат,
Бигир дастам, бубар болои бомат,
Агар болои бом ҳар кас набошад,
Бидеҳ бӯса аз он гирди лабонат.
Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.
Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.
Қади сарват Илоҳӣ хам нагардад,
Дили шодат ба доми ғам нагардад,
Илоҳӣ бошию садсола бошӣ,
Ки соет дар сари мо кам нагардад.
Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.
Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.
Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.
Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.

(Такмили Нигина Амонқулова, Дамирбек Олимов )


 

Menu Title